Гуфтан намешавад, ки ҳаводиси Қирғизистон ба Ўзбекистон ва ё Тоҷикистон дарси ибрат шудааст, зеро сабабҳои баста шудани «Zeromax GmbH”-ро касе намедонад ва ба эътирози мардум дар Тоҷикистон касе гўш намедиҳад
Агар гўем, ки ҳодисаҳои рўзҳои охири Қирғизистон дар минтақа бисёриҳоро ба таҳлука овардааст, шояд хато накунем ва ҳам мешавад гуфт, ки вазъи ин кишварро ҳама кори дохилии онҳо меноманд ва рўирост ҳам набошад, аз он панд мегиранд. Шояд ин тавр ҳам набошад, аммо як қатор тасмиме, ки дар ҳамсоякишварҳои Қирғизистон гирифта мешаванд, водор ба он месозанд, ки бовар кунем, сиёсатмадорон як қадар ба ҳарос афтодаанд.
Таҳлилгарон дар сўҳбатҳои хоса аз он иқрор мекунанд, ки боздиди чеҳраи аввал аз маҳалли офат дар ҷануби мамлакат бозтоби он аст, ки қудрат дар марказ аз хавфи норозигии мардуми ин минтақа ба ҳарос афтода буд.
Раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парламенти Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар як сўҳбаташ гуфта буд, ки таъсири нооромиҳои Қирғизистон ба вазъият дар Тоҷикистон чандон амиқ нахоҳад буд ва Тоҷикистон аз таҷрибаи солҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ “алайҳи инқилобҳо ваксин гирифтааст». “Билохира мардум дар кишварҳои минтақа низ ба натиҷае хоҳанд расид, ки дер ё зуд низомҳои худкома ва фасодзада бояд иштибоҳоташонро ислоҳ кунанд ва ё оқибати ҳамаашон мушобеҳ ба тақдири президентҳо – Акаев ва Боқиев хоҳад буд. Аз ҷониби дигар барои мақомоти кишварҳои минтақа шояд ин вазъият як дарсе шавад, то онҳо ба ҳарфи мардум гўш бидиҳанд. …Вазъият дар Қирғизистон бояд ибрате ба мақомоти кишварҳои минтақа шавад, то вазифаҳои аслии худ, яъне хизмат ба мардум ва беҳбудии зиндагии онҳоро иҷро кунанд ва донанд, ки фасоди молӣ, хешовандсолорӣ ва ҷамъоварии сармояи як кишвар дар дасти як хонавода ва ё як гурўҳи муайян оқибати хубе нахоҳад дошт”, – гуфта буд дар ин бора Кабирӣ.
Аммо узви дигари ин ҳизб, коршиноси масъалаҳои сиёсӣ Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар ин бора чунин ақида дошт, ки инқилоби қирғизӣ ба вазъи минтақа таъсири мусбӣ хоҳад расонд. “Ҳар таҳаввулоте, ки дар кишварҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва минтақа ба амал меояд ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад гузошт. Ҳадди ақал мақомоти ин кишварҳо бо дарназардошти ин ҳодиса шеваи давлатдориро дигар хоҳанд кард ва барои ислоҳоти иштибоҳоти ҳамтоёни худ хоҳанд пардохт”, – гуфта буд коршинос.
Раиси Ҳизби сосиал-демократ Раҳматулло Зойиров бошад ақида дошт, ки Боқиев интихоботро бо овозҳои бардурўғу сохта ба манфиати худ ва ҳизби худ ҷамъбаст кард, андеша ва раъйи мухолифони худро писанд накард ва дар ниҳояти амр гаравгони системаи мавҷуда шуд. Системае, ки дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам шабоҳат дорад. Системае, ки дар он қавонини низоми мардумсолорӣ дар рўи коғаз боқӣ мондааст. Зойиров ҳамчунин гуфта буд, ки ҳаводиси Қирғизистон ба кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд, вале муҳим он аст, ки ҳукумат бояд аз он сабақ бигирад.
Ба ақидаи рўҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода, ҳаводиси охири Қирғизистон ҳатман дар вазъи сиёсӣ дар минтақа таъсир хоҳад гузошт, вале боиси тағйири билофосила дар сиёсатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нахоҳад шуд, зеро роҳбарони кишварҳои дигари минтақа фикр мекунанд, ки вазъияти онҳо аз Қирғизистон фарқ мекунад, дар ҳоле ки фарқи чандоне надорад.
Бо вуҷуди ин Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода мутмаин аст, ки такрори айни ҳаводиси охири Қирғизистон дар Тоҷикистон ғайримумкин аст.
Таҳлилгари тоҷик Салими Аюбзод дар ин бора мегўяд: «Раҳбарони давлат бояд ҳамеша аз рўи адлу инсоф амал кунанд ва нагузоранд, ки ноқаноатмандию норозигӣ дар кишварашон ба ин дараҷа расад. Он чизе, ки дар Қирғизистон ба амал омад, пеш аз ҳама натиҷаи иштибоҳҳои худи Боқиев аст. Мумкин писари ў донову оқил бошад, вале дар як рўз вазир шудани вай хеле шубҳаовар аст. Ба ҳамаи хешу наздикон додани вазифаҳои давлатй ва ё такя кардан ба намояндагони танҳо як маҳал дар умури давлат ин хиёнат ба манфиатҳои миллист. Мудохилаи нерўҳои беруна ба умури дохилии як кишвар замоне муассир мешавад, ки эътироз дар дохил ба ҳадди ҷўшиш мерасад».
Дар Тоҷикистон роҷеъ ба ин ҳаводис пайравӣ дар назар нашуд ва ба ақидаи коршиносон аз он дарси ибрат ҳам нагирифтанд, бо он маънӣ, ки дар кори давлатдорӣ ҳамон шеваи кўҳна побарҷост.
Аммо дар Ўзбекистон дар ин рўзҳо тасмиме гирифта шуд, ки ба фикри таҳлилгарон натиҷаи сабақ гирифтан аз ҳаводиси охири Қирғизистон ба шумор меравад. Гап дар сари он аст, ки Ҳукумати Ўзбекистон фаъолияти ширкати бузурги «Zeromax GmbH”-ро маҳдуд кардааст. Ин ширкат ба Гулнора Каримова духтари президент Ислом Каримов мутааллиқ дониста мешавад, Дар баробари баста шудани ширкат ҳукми боздошти муовини раиси ин ширкат Ғулом Имомназаров низ содир шудааст. Ҳайратовар ин аст, ки дар бораи раиси ин ширкат ва тақдири вай чизе гуфта намешавад, дар ҳоле, ки ба ҳамаи фаъолияти он бояд раиси он ҷавобгў бошад.
Аз рўзи душанбеи ҳафтаи гузашта инҷониб ҳукумати Ўзбекистон ин ширкатро баста ва ҳама суратҳисобҳояшро «ях» кунонидааст.
«Zeromax GmbH”, ки қароргоҳи асосиаш дар Швейтсария аст, назорати соҳаҳои пурдаромаде, чун газу истихроҷи маъданҳо ва сохтмонро дар Ўзбекистон дар даст дошт.
Намояндагони “ Zeromax ” сабаби баста шудани ширкаташонро намедонанд, аммо мегўянд, мақомот ширкатро аз фаъолият дар соҳаи газ комилан берун андохта, чанд тарҳи сохтмониаш, аз ҷумла бунёди қароргоҳи Гулнора Каримова ва ҳам варзишгоҳи наву замонавӣ барои тими футболи “Бунёдкор”-ро, ки низ ба «Zeromax GmbH” тааллуқ дошт, бекор кардаанд.
Хонандаи зирак агар дар ёд дошта бошад, чанд шумора пеш мо номаи як нафар тошкандиро ба нашр расондем, ки мехост намоиши эътирозӣ кунад. Дар он «хоҳишнома» тошкандии эътирозгар барои плакати худ як банди эътирозро ба духтари президент Каримов – Гулнора бахшида буд, ки чунин мазмун дошт: «Дар куҷое хонда будам, ки ким кадоме духтари калонии вайро, ки дар Испания чун сафир кор мекунад, барои соҳиб шудан ба ҷойизаи Нобел пешниҳод кардааст. Хандаам гирифт! Албатта, вай занаки намоён аст – метавонад, ки ҳаққи дигаронро низ аз худ кунад. Мегўянд, ки агар ягон сохтмонро дар Тошканд бо деворҳои аз алюминий иҳоташуда дидед, пас аниқ ин моли вай аст.
Дар шаҳр мегардам ва мебинам, ки чунин деворҳо зиёд шудаанд. Як рўз мебинӣ, ки тамоми Тошкандро бо чунин деворҳо муҳосира хоҳанд кард. Ин аст магар дастовард?
Боз гап-гап ҳаст, ки вай ҷойи падарашро гирифтанист… Агар ин тавр шавад, ана ҳаёт! Ҳар рўз ид болои ид мешавад, ба мо худи Мадонна суруд хоҳад хонд. Чӣ ин магар барои халқ иди якумрӣ аст? Ана ҳаминро бояд дар плакат нависам». Ва эътирозгар дар яке аз се эътирозаш чунин талаб карда буд: «Ба Гулнора ҳатто орзу кардани курсии президентӣ ва ҷойизаи Нобел манъ карда шавад».
Баъд, мутаассифона, вай натавонист, ки рўзи дигар ба назди аппарати президент равад, зеро субҳ ўро милисаҳо барои «баланд» фикр карданаш дастгир карданду ҷарима бастанд.
Шояд баста шудани «Zeromax GmbH” сабабҳои дигаре доранд, аммо маълум, ки эътирозҳои мардум андаке ҳам бошад, ба назар гирифта шуданд. Номаълум ин аст, ки тақдири Гулнора – тоҷирхонуми ўзбек, ба чӣ анҷомид, зеро ин ширкат ба вай тааллуқ дошт ва эътирозҳо ҳам маҳз сари ҳамин буд.
Ва ҳам маълум нест, ки ин тасмимро шахсан худи Каримов гирифтааст, ё ҳукумати Ўзбекситон, ки хамакнун ба гуфти баъзе аз таҳлилгарон идораи он дар дасти сарвазир Шавкат Мирзиёев аст. Агар ин кори дастаи сарвазир аст, пас вай барои замина гузоштан ба расидан ба маснади президентӣ мехоҳад Гулнораро, ки рақиби аслиаш ба шумор меравад, аз сари роҳаш дур кунад.
Дар Тоҷикистон ҳам одамон гоҳҳо «баланд» фикр мекунанд, махсусан, дар хусуси пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки як ширкати британиягии «”Innovative Road Solutions” (“IRS”) масъули ҷамъ овардани маблағ дар ин роҳ шудааст, гап-гап бисёр аст. Бархе бар ин ақидаанд, ки ин ширкат ба нафари баландпояи ҳукуматӣ ва ё хеши наздики вай тааллуқ дорад. Дар баробари пулакӣ шудани роҳ сокинони Варзоб ба нишони эътироз овоз баланд ҳам карданду ба муқобили ин иқдом 10 ҳазор имзо ҳам ҷамъ шуд. Аммо ба ҷуз аз ваъдаи он, ки роҳ барои сокинони ин маҳал қисман бепул, ё барои онҳо имтиёз дода мешавад, дигаргуние нашуд. Ҳарчанд Амонулло Ашўр раиси идораи зиддимонополӣ арз намудааст, ки ин ширкат ғайриқонунӣ аз мардум пул меситонад, ҳафтаи гузашта қисмати дигари ин роҳ – Истаравшан-Хуҷанд низ пулакӣ карда шуд.
Аз ин рў гуфтан намешавад, ки ҳаводиси Қирғизистон ба Ўзбекистон ва ё Тоҷикистон дарси ибрат шудааст, зеро сабабҳои баста шудани «Zeromax GmbH”-ро касе намедонад ва ба эътирози мардум дар Тоҷикистон касе гўш намедиҳад.
Бобои Валӣ
Filed under: Uncategorized


