Валлоҳ, ки шумо ба пойи Лоиқ нарасед!

69 сол пеш дар водии Зарафшон ин марди Худо ба дунё омадааст. Зодрўзи ин абармарди шеърро ба ҳамаи ҳаводоронаш муборакбод мегўем.

Ў дар шеъри навини тоҷикӣ таҳаввулоте кард. Бешубҳа Лоиқ қофиласолори назми навини тоҷикист! Ба пояи вай дар асри 20 касе шеър нагуфтааст! Вай на танҳо аз ишқу маю маъшуқа, балки аз нобаробарии замон низ олӣ месуруд.

Ин ғазали замони бедодгарист, ки шоир ба насли нави сиёсатмаобон гуфтааст:

Дар калла ҳатто бод не, ин боданӯшӣ аз куҷо?

Бо пӯстғафсӣ ин ҳама чарминапӯшӣ аз куҷо?

Дирӯз бехомак будӣ, бекозаю бомак будӣ,

Ҳоло ба бозори ҷаҳон мошинфурӯшӣ аз куҷо?

Долар ба каф барги хазон, дуздӣ накардӣ? Рост гӯй,

Даври лабон кафки даҳон, дарёхурӯшӣ аз куҷо?

Дӣ будӣ беизораке дар кӯчаю бозораке,

Бо зеҳни кунду ақли кунд ин тундҷӯшӣ аз куҷо?

Дирӯз таппак мезадӣ, дар пода ҷуфтак мезадӣ,

Ай сустаку мустак бигӯ, ин сахткӯшӣ аз куҷо?

Дирӯз хомӯшак будӣ, оҷиз чу харгӯшак будӣ,

Имрӯз бонгат то фалак, ваҳйи сурӯшӣ аз куҷо?

Один ответ

  1. Лоик Шерали лоики халки точик.Ле афсус дар зинда буданаш хукумат уро кадр накард.Шеърхои ин шоири бузургро чандхо маротиба хондаам. Хама пурмахною пурдарду пурмазмунанд.Ташаккур ба шератон, Устод.

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.