Гузориш аз шоми эҷодии муассиси маҳфили фарҳангии Боргоҳи сухан» Бўрӣ Карим ва адиби рус Михаил Синелников
Чуноне хабар дода будем, рўзи якшанбеи 23 майи соли 2010 дар Хонаи марказии адибони Русия дар шаҳри Маскав бо суроғаи Никитская 53, шоми эҷодии ду адиб – Бўрӣ Карим ва Михаил Синелников баргузор гардид.
Шоми эҷодиро бо сухани муқаддимавӣ адиб Михаил Синелников ифтитоҳ намуд. Синелников дар бораи китоби тозаэҷоди ҳаммураттибон «Назми роҳ» ва китобҳои нави якдигар маълумоти мухтасар дод. Таъкид намуд, ки ин китоб бо ибтикори Бўрӣ Карим ба табъ расидааст. Сарсуханро ҳарду навиштаанд ва охирсухани давомдор, ки тақрибан 20 саҳифа аст, эҷоди Бўрӣ Карим мебошад. Дар ин маҷмўа «Назми роҳ» бо фалсафаи ба дунё омадану то вопасин рўз инсонро ҳамроҳӣ кардан ҳис мешавад.
Дар маҷмўа шеърҳои шоирони асрҳои гуногун, бо мавзўъҳои хоса, гулчин шудааст. Мураттибони ин китоб дар саҳифаҳои он аз қаъри асрҳо беҳтарин эҷоди адибонро то ба эҷоди ҷадиди шоирони асри мо, ки ба назми роҳ бахшида шудаанд, ҷойгир кардаанд. Бўрӣ Карим ҳангоми баромад на танҳо шеърҳои ба роҳ бахшидашуда, балки бо фалсафаи махсус аз дунё омадан: сарчашмаи ҳаёт, модар, шеър оғоз намуда, шеъри дуюмро ба зан бахшидаанд, сеюмро ба ватан ва пасон роҳ, муносибат, дўстӣ, ғарибӣ, сафар, роҳвардӣ ва аз худ намудани номи неку ҳарфи нек монданро шаддабандӣ намуда, шеърхонӣ кард. Баромади эшон аслан ба азбони русӣ буд, вале ба хотири ҳамватанон чанд шеърро ба забони модарӣ низ қироат кард.
Китоби «Назми роҳ» хеле хуб ороиш дода шудааст, ороиши онро ду нафар чирадастони рус Мария Аренд (Елена Ганешина) ва Наталя Ванханен ба ўҳда доштанд. Дар ин шом онҳо низ чанд сухани кўтоҳе гуфта, ба Бўрӣ Карим ва Михаил Синелников миннатдории худро барои ҳамкорӣ изҳор карданд. Бўрӣ Карим нозукбинона ду даста гулро ба занони эҷодкор тўҳфа кард.
Адиб Бронтой Бедюров дар бораи китоби тоза сўҳбат карда, камбудии онро дар он дид, ки китоб хеле калонҷусса буда, дар киса ҷойгир намешавад, ки «Назми роҳ»-ро роҳ дар роҳ бихонӣ. Дар охири суханрониаш Бўрӣ Карим ба ў китоби хурди шеърро тўҳфа карда, маҳз онро ба кисааш гузошт, то бовар дошта бошад, ки муаллиф рубоиёти роҳро чунин кўчак аз дасти чоп гирифтааст. Ин нуқта ба ҳозирин хеле хуш омад.
Адиби дигар Глан Ананян, ки китобро хондааст, дар ҳаққи мураттибон ва эҷоди онҳо суханҳои хуб гуфт ва изҳори минатдорӣ кард, ки чунин як китобе пурмазмун ва зебо ба дасти хонанда расидааст.
Шоири дигар Бронтой Бедюров дар баробари таҳсину суханҳои хуш таъкид кард, ки дар маҷмўа шеърҳои ба роҳ бахшидаи шоирони рус кам ҷой дода шудаанд. Чунин таъкидро Хуршеда Ҳамроқулова нисбати шоирони тоҷик раво донист ва ў гуфт, хуб мебуд, шеърҳои Камоли Хуҷандӣ, ки ба ғарибӣ бахшида шудааст, назми роҳи Лоиқ ва дигарон дар маҷмўа ҷой меёфтанд. Ба ин танқиди адабии онҳо Михаил Синелников ҷавоб гуфт, ки наметавон дар ин маҷмўа шеъри ба роҳбахшидаи тамоми миллатҳо ва қарнҳоро ҷойгир кард. Ҳозирҷавобӣ намуда, ба шоирони тоҷик Темур Варқӣ ва Алавӣ, ки дар Маскав зиндагӣ мекунанд, сухан дод. Номбурдаҳо шеърҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба аҳли толор қироат карданд.
Миёни баромадкунандагон Мария Аренд (Елена Ганешина), Наталя Ванханен, Бронтой Бедюров, Темур Варқӣ, Глан Онанян, Валентин Резник низ буданд. Баромади Хуршеда Ҳамроқулова хоса пурмазмун ва хеле ҷолиб буд. Вай дар баробари танқиди адабӣ, ба бандҳои ҷудогонаи ин китоб баҳои баланд дода, хусусияти «Назми роҳ» ва шаддабандии бобҳоро ба маҳорати баланди Бўрӣ Карим ва Михаил Синелҷников маънидод кард.
Михаил Синелников ва Бўрӣ Карим бо хоҳиши ҳозирин бори дуввум шеърхонӣ карданд. Шеърҳои ба роҳ бахшидаи Бўрӣ Карим ба русзабонҳо маъқул афтода, ҳамзабонон бошанд аз шеърҳои бо забони модарӣ хондааш ҳаловат бурданд. Баъди хондани шеърҳои «Орзу», «Апа» чанд зани дар толорбуда, аз ҷой хеста чаппакзанӣ намуданд.
Умуман ин шом хеле ҷолиб, дилчасп ва хотирмон буд.
Ба ҳозирин китобҳои нави муаллифон ва шумораҳои ҳафтавори «Боргоҳи сухан», «Озодагон», «Фараж», «СССР» ва дигар ҳафтаномаҳои тоҷикӣ ройгон тақсим карда шуданд.
Қисмати дуюми шоми эҷодӣ дар қаҳвахонаи Хонаи марказии адибон назди мизҳои мудаввар бо ғизоҳои болаззат ва чойи кабуд идома ёфт.
Кош, ҳар як ҳамватани мо чун Бўрӣ Карим метавонист аз Модару Ватан, хоса ёд намуда, шоми тоҷикро байни мардумиён боз ҳам маъруфтар мекард. Дар ин шом адибону олимони тоҷику рус ва дигар миллатҳо иштирок доштанд, ки ин шом ба шоми дўстӣ бадал шуд.
Иштирокчиён ба дар ин шоми эҷодӣ ба Бўрӣ Карим тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ин шомро шўъбаи масковии маҳфили фарҳангии «Боргоҳи Сухан» баргузор намуд.
Маҳмадҳасани Карим,
узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи журналистон
Filed under: Uncategorized


