Ислом Каримов: Ёрии кӣ дар сухан монда, аз кӣ амалӣ шуда…

Интизор мешавем, то бубинем, ки қисмати аввали ин гуфтаи президенти Ўзбекистон ба кӣ тааллуқ дораду қисмати охираш дар ҳаққи кӣ гуфта шудааст
Аз баргузории саммити Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва сафари президенти Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя интизор мерафт, ки масъалаи вагонҳои дар банд мондаи Тоҷикистон оқибат ҳаллу фасл мешавад ва имкон дорад, дар гуфтугўҳои дуҷонибаи Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд бисёре аз нофаҳмиҳои охир миёни ду давлат бартараф мегарданд.
Гуфта мешуд, ки президенти Тоҷикистонро дар ин сафар президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамроҳӣ хоҳад кард, аммо ҳамон бегоҳие, ки Аҳмадинажод дар Душанбе қарор дошт, Шўрои амнияти СММ ба номи ин кишвар қатъномаи нав қабул кард. Дар қабули ин қатънома Расия ва Чин, ки пештар худдорӣ мекарданд, саҳм гузоштанд ва ҳамин хел шуд, ки ин кишварҳои узви СҲШ оинномаи ин ташкилотро ёдоварӣ карданд, ки мувофиқ ба он ҳар кишваре, ки «доғи судӣ» дорад, наметавонад то шустани ин гуноҳаш аъзои комилҳуқуқи СҲШ шавад. Ва Аҳмадинажоди ба кори ин созмон чун нозир даъватшуда аз Душанбе на ба Тошканд, балки боз ба ватан баргашт. Дар саммити Тошканд вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттако ширкат кард, ки бешубҳа ҳеч наметавонист Аҳмадинажодро ҳам дар кори нозирӣ ва ҳам ҳамроҳӣ кардани Эмомалӣ Раҳмон иваз кунад.
Ағлаби коршиносону таҳлилгарон бе ягон шубҳа ин сафарро барои во кардани гиреҳҳо дар муносибати ду кишвар мусоид медонистанд. Муовини ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Расия Раҳмон Ўлмасов ин интизориҳоро воқеияти рўз медонист. Вай дар арафаи ин сафари президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки агар мулоқоти дуҷониба ба ҳалли мушкили транзит даст наёбад, бояд муаммоҳои кушоиши гиреҳи мухолифатҳоро во кунад. «Барои мисол баҳсе, ки дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе миёни намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон ба вуҷуд омад, шаҳодати он аст, ки замони ба гуфтугў нишастан сари ин масъала расидааст, зеро ин масъала аз қаламрави ҳарду кишвар хориҷ шуда, то ба Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Амрико расидааст», – гуфта буд Ўлмасов.
Дар конфронси «Об барои ҳаёт», ки дар Душанбе баргузор шуд, намояндагони ҷониби Ўзбекистон кушоду равшан иброз намуданд, мухолифи бунёди нерўгоҳи Роғун ҳастанд. Муовини вазири иқтисоди Ўзбекистон Галина Саидова, ки ҳайати ўзбекҳоро сарварӣ мекард, дар ин конфронс гуфт, кишвараш мухолифи сохтмони нерўгоҳи Роғун аст, зеро барномаи сохтмони ин нерўгоҳ дар замони Шўравӣ тарҳрезӣ шудааст. Ўзбекистон ба сохтмони нерўгоҳи Роғун дар сурате мухолиф нахоҳад буд, агар аз ҷониби Тоҷикистон кафолати бехатарии садди ин нерўгоҳ дар сурати зилзила дода шавад ва экспертизаи байналмилалӣ бунёди ин нерўгоҳро баъди ташхис барои минтақа бе зарар донад.
Ҳамин тариқ дар ин конфронс аз се тараф баҳси об бархост ва кишварҳои болоб даъвои соҳибии обҳо карданд. Махсусан, намояндаи Қирғизистон дар суханронии худ далелҳоеро овард, ки боиси вокуниши ҷониби Ўзбекистон шуд ва як намояндаи ин кишвар дар ҷавоб иддао кард, ки агар дар тобистон Тошканд барои обҳои зиёдатии ба ҳудудаш ҷоришаванда маблағ пурсад, пас ҳоли болообиҳо чӣ хоҳад шуд?
Ба гуфтаи собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, коршиноси минтақа Давлат Усмон, мухолифати Ўзбекистон ба Тоҷикистон собиқаи беш аз 20-сола дорад ва ба даврони азҳампошии Шўравӣ ва таъини аломатгузории марз рост меояд. Давлат Усмон дар ин бора изҳори назар карда гуфта буд: «Обанбор ва нерўгоҳи «Фарҳод», ки дар гузашта аз тарафи Ўзбекистон бунёд гардида, дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад, барои Ўзбекистон аҳамияти калони стратегӣ дорад, зеро Тошкандро маҳз захираи ин нерўгоҳ бо об таъмин мекунад. Ўзбекистон мехоҳад, ки Тоҷикистон ин обанборро дар ихтиёри Тошканд қарор диҳад. Дар он сурат ин кишвар ба сохтмони Роғун мухолифат нахоҳад кард».
Ба гуфтаи Давлат Усмон, далели аслии мухолифат ва эҷоди мушкил дар транзити бор ва фишорҳо сари Тоҷикистон аз тарафи Ўзбекистон ҳамин аст. Вай ба ин ақида буд, ки дар гумон аст, дар гуфтугўҳои президентҳо дар Тошканд ин мушкил ҳал шавад.
Чанде аз коршиносони дигари воқифи вазъ низ ба ин бовар буданд, ки баррасии мушкили миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар саммити Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд дар гумон аст, зеро Ўзбекистону Чин дар ин байн дар мавриди интиқоли гази арзони Ўзбекистон тавофуқ кардаанд ва Расия майли миёнравӣ байни Тоҷикистон ва Ўзбекистонро надорад. Ин коршиносон ба он бовар буданд, ки танҳо роҳи даст ёфтан ба ҳалли ин мушкилот ба президенти Тоҷикистон вобастагӣ дорад, ки тавонад Ўзбекистонро бовар ва розӣ кунад.
Аммо дар кори саммити СҲШ дар ин мавзўъ ишорае нарафт ва президенти Тоҷикистон ба ҳамтоёни дигараш дар мавзўъҳои дигар сўҳбату гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон доир ба масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Расия бо Тоҷикистон байни Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев мубодилаи афкор сурат гирифтаст. Президентҳо қарор доданд, ки масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишварро моҳи августи соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Расия муфассал баррасӣ намоянд.
Сайти расмии президенти Тоҷикистон аз натиҷаи вохўрии Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов чунин хабар дод: «Дар мулоқоти сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Ислом Каримов масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар дар фазои ошкоро ва ҳавасмандии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.
Таваҷҷўҳи асосӣ ба масоили мубрами ҳалталаб дар муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла ба масъалаҳои рушди энергетикаи Тоҷикистон ва фаъолияти босуботи инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионии миёни ду кишвар, зоҳир гардид.
Ҳарду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки маводи хўрокворӣ, сўзишворӣ ва дигар молҳо, ба ҷуз борҳое, ки барои сохтмони нерўгоҳи Роғун пешбинӣ шудаанд, ба ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути қитъаи роҳи оҳани Термез-Амузанг-Қурғонтеппа бемонеа интиқол дода шаванд.
Масоили сохтмони нерўгоҳи Роғун мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро баҳри гузарондани ташхиси мустақили байналмилалии ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии бунёди ин иншооти гидротехникӣ бори дигар таъкид намуд.
Аз рўйи масоили дигари баррасишуда сарони ду давлат ба мувофиқа омаданд, ки баҳри нигаҳдошти фазои ошкору шаффоф дар муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Ўзбекистон робитаҳои пайваста дошта бошанд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд».
Дафтари матбуоти президенти Ўзбекистон бар иловаи ин маълумот аз гуфтаи Ислом Каримов низ ёдовар шудааст: «Халқи ўзбеку тоҷик аз давраҳои қадим паҳлў ба паҳлўи ҳам зиндагӣ карда, хурсандиро бо ҳам медиданд ва якдигарро дар рўзҳои сахту вазнин дастгирӣ менамуданд. Таърих ва худи зиндагӣ борҳо исбот кардаанд, ки ёрии кӣ дар сухан мондаву кӣ амалан онро ба иҷро расонидааст».
Интизор мешавем, то бубинем, ки қисмати аввали ин гуфтаи Ислом Каримов ба кӣ тааллуқ дораду қисмати охираш дар ҳаққи кӣ гуфта шудааст. Ба назар мерсад, ки Каримов ба ваъдааш вафо мекунад, чунки чуноне сардори Хадамоти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (РОТ) Гулсара Маҳмудова ба TojNews иттилоъ додааст, аз 8-ум то 14-уми июн 1 ҳазору 822 вагони боздоштшуда аз Ўзбекистон ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Аз инҳо 1 ҳазору 206 вагон ба истгоҳи шаҳри Душанбе ва 616 вагон ба истигоҳи «Қурғонтеппа», таалуқ доранд. 614 вагони боқимонда, ки ҳоло дар Ўзбекистон қарор доранд, ба соҳибкорон ва корхонаҳои давлатии вилояти Хатлон мансубанд, ки 389 вагон равғани молиданӣ ва сўзишворӣ, 83 вагон газ, 37 вагон битум, 19 вагон орд, 7 вагон семент ва 79 вагон борҳои гуногунанд.
«Борҳо (асосан семент) ва таҷҳизоте, ки ба Истигоҳи барқии обии Сангтуда-2 ва Корхонаи креолити Ёвон таълуқ доштанд пурра ба соҳибонашон расонида шуданд», – гуфтааст Гулсара Маҳмудова.
Пас, маълум мешавад, ки қисми зиёди вагонҳо аллакай ба манзил расидаанд? Чанд рўзи дигар ва боқимондаҳояш ҳам мерасанд? Ин маънои онро надорад, ки ҷониби Ўзбекистон ба ваъдааш вафо кардааст? Ва аммо, аслан ҳамин гапи дар банд мондани вагонҳои озуқа асосе доштанд? Диққат диҳед, ки ин намояндаи ширкати РОТ дар давоми хабар чӣ маълумоте медиҳад: «Дар вагонҳои ба самти истгоҳи Душанбе ҳаракаткунанда на ҳамеша (!) мушкилот эҳсос мешуд, борҳо қисман ҳам бошанд ба ин истигоҳ (Душанбе) ворид (!) мешуданд. Мушкилоти асосии мо ин борҳои ба самти истгоҳи Қурғонтеппа ҳаракаткунанда буданд, ки дар он маҳдудиятҳои аз ҳад афзун эҳсос мешуд ва бояд рўзҳои оянда тамоми мушкилоти мо дар ҳамлу нақли борҳо ба охир расанд».
Ҳоҷати шарҳ додан намондааст. Акнун ба ҳамон сухани дар мулоқот гуфтаи Каримов як бори дигар аҳамият диҳед.
Бобои Валӣ

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.