Гузаронданд

Ба назари ман чунин мерасад, ки ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) ва ҳукумати Тоҷикистон дар масълаи пулакӣ шудани роҳ ва ё хотима додан ба ин тасмими носанҷидаву ноҷо, ҳеч гоҳ ба хулосае намеоянд. Агар гўям, ки гузаронданд, шояд мулоим карда гуфта бошам. Ба он маънӣ, ки ҳеч кас намефаҳмад, мақсад аз ин пулакӣ кардану баъд дар гириди он ин қадар баҳс барпо намудан чӣ аст.

Ш. Шарипов, ронандаи роҳи Хуҷанд-Чаноқ

Бисёре аз коршиносон ва таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ ҳам бар ин ақидаанд, ки нодидаву носанҷида роҳи халқро аз дасташ кашида гирифтанду болояш як қабат асфалти тунукро рехтанд ва акнун мехоҳанд барои ин пул гиранд.
Аммо акнун дар ин маврид аз ҳар ҷониб саду садоҳо баланд мешавад. Соли гузашта пулакӣ шудани роҳро депутатҳо дар Маҷлиси намояндагон тарафдорӣ карда буданд. Онҳо ба қонун тағйирот дароварданд ва ин қитъаи роҳ баъдтар пулакӣ шуд. Акнун ҳамин парламент (рост, ки ин депутатҳо наванд, тасмимро парламенти пештара гирифта буд) омода аст, ки дар сурати зарурӣ созишномаи миёни давлат ва ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS)-ро бознигарӣ кунад. Дар ин бора депутати Маҷлиси намояндагон Ҷумъабой Сангинов дар як мизи гирд перомуни фаъолияти парламенти нави Тоҷикистон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ баён кардааст. Ба гуфти раиси фраксияи ҲХДТ дар парламент Ҷумъабой Сангинов депутатҳо метавонанд, ки қарордоди пулакӣ шудани роҳро аз нав дида бароянд. Вай хомўшии парламент дар ин росторо сабаб баррасии мавзўъ аз тарафи мақомоти иҷроия донист.
Бояд гуят, ки Сангинов узви ҳамон парламенте аст, ки чунин қонунро қабул карда буданд ва акнун ин депутат мегўяд: “Ҳоло давлати Тоҷикистон бо таъсиси як комиссияи махсус фаъолияти ин ширкатро баррасӣ мекунад. Баъди санҷиш ва гузориши комиссия агар зарурат пайдо шавад, парламент метавонад созишномаи миёни давлат ва ин ширкатро аз нав дида барояд”.
Чанде пеш сардори Хадамоти зидимонполии Тоҷикистон Амонулло Ашўр ба ин ширкат ҳушдор дод, ки пулчинро дар ин самт қатъ кунад, зеро ин қоида ва ҳаҷми маблағ бо идораи вай ҳамоҳанг нашудааст ва бар зарари мусофирон аст. Аз ин рў барои мувофиқ кардани амалиёти ширкат бо қонунҳои Тоҷикистон ба роҳбарони он аз ҷониби Хадамоти зиддимонополӣ як моҳ мўҳлат дода шуд.
Ба гуфтаи як манбаи мўътамад дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳамкорони Шерхон Салимов низ ба санҷиши фаъолияти ширкати “IRS” оғоз кардаанд. Гуфта мешавад дар сурати ҷамъоварии маводди зарурӣ ва ошкор сохтани тахаллуфот ва носозгории фаъолияти ин ширкат бо қонунҳо эҳтимоли боз кардани парванда алайҳи масъулони ин ширкат вуҷуд дорад.
Намояндагони гурўҳе аз ҳизбҳои сиёсӣ дар шимоли Тоҷикистон бо интишори як баёния аз давлат хостаанд, ки қарордоди роҳи пулакиро ботил кунад. Дар ин баёния, ки намояндагони ҳизбҳои демократӣ, коммунистӣ, сотсиалистӣ, сотсиал-демократӣ ва наҳзати исломии Тоҷикистон зери он имзо кардаанд, тасвиби муқаррароти роҳи пулакӣ дар порлумони қаблиро “хидмате хирсона ба интихобкунандагон” хонда шудааст.
Онҳо навиштаанд, ки пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ бар вазъияти иҷтимоию иқтисодии мардум ва кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт ва “фазои ороми сиёсии ҷамъиятиро халалдор намуда ва ба сулҳу ваҳдат рахна мезанад”.
Дар ин баёния омадааст: “Пулакӣ шудани роҳи ягона ба баландшавии нарху наво дар бозорҳо ва пастшавии сатҳи зиндагии мардуми бе он ҳам қашшоқ оварда мерасонад.”
Онҳо пешниҳод кардаанд, ки муқаррароти роҳи пулакӣ дар сурати набуди роҳи алтернатив манъ карда шавад ва тармиму нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳисоби андози роҳ, ки ронандагон ҳамасола ба буҷети давлат мепардозанд, анҷом дода шавад.
Вале бино ба иттилои роҳбари ҲСДТ дар вилояти Суғд Дилбар Самадова, «танҳо 5 ҳизби сиёсӣ ба мақоми қонунгузорӣ ва президент муроҷиатномаи худро фиристодаанд, вале се ҳизби дигари Тоҷикистон аз ҳамроҳ шудан ба ин муроҷиатнома худдорӣ намуда, гуфтанд, ки пулситонӣ дар шоҳроҳ дар доираи қонун амалӣ мешавад».
Ҳамзамон, дар посгоҳҳо дар минтақаи Варзоб, Истаравшан ва ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии маблағ аз ронандагон барои истифода аз ин роҳ идома дорад. Аммр ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар вилояти Суғд ронандаҳо барои напардохтани роҳпулӣ аз роҳҳои фарсудаи алтернатив истифода мекунанд. Онҳо бист-сӣ метр дуртар аз постгоҳ аз шоҳроҳ берун мешаванд ва баъди тай кардани 200-300 метр роҳ, ки постро дар қафо мегузорад, дубора ба роҳи асосӣ мебароянд. Масъулони ширкати “IRS” ин амали ронандаҳоро мушоҳида кунанд ҳам, то ҳол аз ин кор ҷилавгирӣ накардаанд. Ва оё ҳақ доранд, ки садди роҳи ронандаҳо дар ин маврид шаванд, ин ҳам дар ҳолест, ки косаи сабри ронандаҳо ва мусофирони ин роҳ лабрез шудааст? Ба ҳар сурат то ҳол ронандаҳо, ба мисли шумо, ба ҷуз «гузаронданд» гуфтан, дигар вокунише нишон надодаанд. Интизор мешавем, бинем қазия ба чӣ меанҷомад, то аз оқибаташ ба шумо маълумот диҳем.

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.