• Фурӯғи Фаррухзод

  • Рӯъё

  • Таквим

    Июль 2017
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    « Июн    
     12
    3456789
    10111213141516
    17181920212223
    24252627282930
    31  
  • Дидор

    • 8,144 боздид
  • Писанддидаҳо

Гузаронданд

Ба назари ман чунин мерасад, ки ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) ва ҳукумати Тоҷикистон дар масълаи пулакӣ шудани роҳ ва ё хотима додан ба ин тасмими носанҷидаву ноҷо, ҳеч гоҳ ба хулосае намеоянд. Агар гўям, ки гузаронданд, шояд мулоим карда гуфта бошам. Ба он маънӣ, ки ҳеч кас намефаҳмад, мақсад аз ин пулакӣ кардану баъд дар гириди он ин қадар баҳс барпо намудан чӣ аст.

Ш. Шарипов, ронандаи роҳи Хуҷанд-Чаноқ

Бисёре аз коршиносон ва таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ ҳам бар ин ақидаанд, ки нодидаву носанҷида роҳи халқро аз дасташ кашида гирифтанду болояш як қабат асфалти тунукро рехтанд ва акнун мехоҳанд барои ин пул гиранд.
Аммо акнун дар ин маврид аз ҳар ҷониб саду садоҳо баланд мешавад. Соли гузашта пулакӣ шудани роҳро депутатҳо дар Маҷлиси намояндагон тарафдорӣ карда буданд. Онҳо ба қонун тағйирот дароварданд ва ин қитъаи роҳ баъдтар пулакӣ шуд. Акнун ҳамин парламент (рост, ки ин депутатҳо наванд, тасмимро парламенти пештара гирифта буд) омода аст, ки дар сурати зарурӣ созишномаи миёни давлат ва ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS)-ро бознигарӣ кунад. Дар ин бора депутати Маҷлиси намояндагон Ҷумъабой Сангинов дар як мизи гирд перомуни фаъолияти парламенти нави Тоҷикистон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ баён кардааст. Ба гуфти раиси фраксияи ҲХДТ дар парламент Ҷумъабой Сангинов депутатҳо метавонанд, ки қарордоди пулакӣ шудани роҳро аз нав дида бароянд. Вай хомўшии парламент дар ин росторо сабаб баррасии мавзўъ аз тарафи мақомоти иҷроия донист.
Бояд гуят, ки Сангинов узви ҳамон парламенте аст, ки чунин қонунро қабул карда буданд ва акнун ин депутат мегўяд: «Ҳоло давлати Тоҷикистон бо таъсиси як комиссияи махсус фаъолияти ин ширкатро баррасӣ мекунад. Баъди санҷиш ва гузориши комиссия агар зарурат пайдо шавад, парламент метавонад созишномаи миёни давлат ва ин ширкатро аз нав дида барояд».
Чанде пеш сардори Хадамоти зидимонполии Тоҷикистон Амонулло Ашўр ба ин ширкат ҳушдор дод, ки пулчинро дар ин самт қатъ кунад, зеро ин қоида ва ҳаҷми маблағ бо идораи вай ҳамоҳанг нашудааст ва бар зарари мусофирон аст. Аз ин рў барои мувофиқ кардани амалиёти ширкат бо қонунҳои Тоҷикистон ба роҳбарони он аз ҷониби Хадамоти зиддимонополӣ як моҳ мўҳлат дода шуд.
Ба гуфтаи як манбаи мўътамад дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳамкорони Шерхон Салимов низ ба санҷиши фаъолияти ширкати “IRS” оғоз кардаанд. Гуфта мешавад дар сурати ҷамъоварии маводди зарурӣ ва ошкор сохтани тахаллуфот ва носозгории фаъолияти ин ширкат бо қонунҳо эҳтимоли боз кардани парванда алайҳи масъулони ин ширкат вуҷуд дорад.
Намояндагони гурўҳе аз ҳизбҳои сиёсӣ дар шимоли Тоҷикистон бо интишори як баёния аз давлат хостаанд, ки қарордоди роҳи пулакиро ботил кунад. Дар ин баёния, ки намояндагони ҳизбҳои демократӣ, коммунистӣ, сотсиалистӣ, сотсиал-демократӣ ва наҳзати исломии Тоҷикистон зери он имзо кардаанд, тасвиби муқаррароти роҳи пулакӣ дар порлумони қаблиро «хидмате хирсона ба интихобкунандагон» хонда шудааст.
Онҳо навиштаанд, ки пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ бар вазъияти иҷтимоию иқтисодии мардум ва кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт ва «фазои ороми сиёсии ҷамъиятиро халалдор намуда ва ба сулҳу ваҳдат рахна мезанад».
Дар ин баёния омадааст: «Пулакӣ шудани роҳи ягона ба баландшавии нарху наво дар бозорҳо ва пастшавии сатҳи зиндагии мардуми бе он ҳам қашшоқ оварда мерасонад.»
Онҳо пешниҳод кардаанд, ки муқаррароти роҳи пулакӣ дар сурати набуди роҳи алтернатив манъ карда шавад ва тармиму нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳисоби андози роҳ, ки ронандагон ҳамасола ба буҷети давлат мепардозанд, анҷом дода шавад.
Вале бино ба иттилои роҳбари ҲСДТ дар вилояти Суғд Дилбар Самадова, «танҳо 5 ҳизби сиёсӣ ба мақоми қонунгузорӣ ва президент муроҷиатномаи худро фиристодаанд, вале се ҳизби дигари Тоҷикистон аз ҳамроҳ шудан ба ин муроҷиатнома худдорӣ намуда, гуфтанд, ки пулситонӣ дар шоҳроҳ дар доираи қонун амалӣ мешавад».
Ҳамзамон, дар посгоҳҳо дар минтақаи Варзоб, Истаравшан ва ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии маблағ аз ронандагон барои истифода аз ин роҳ идома дорад. Аммр ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар вилояти Суғд ронандаҳо барои напардохтани роҳпулӣ аз роҳҳои фарсудаи алтернатив истифода мекунанд. Онҳо бист-сӣ метр дуртар аз постгоҳ аз шоҳроҳ берун мешаванд ва баъди тай кардани 200-300 метр роҳ, ки постро дар қафо мегузорад, дубора ба роҳи асосӣ мебароянд. Масъулони ширкати “IRS” ин амали ронандаҳоро мушоҳида кунанд ҳам, то ҳол аз ин кор ҷилавгирӣ накардаанд. Ва оё ҳақ доранд, ки садди роҳи ронандаҳо дар ин маврид шаванд, ин ҳам дар ҳолест, ки косаи сабри ронандаҳо ва мусофирони ин роҳ лабрез шудааст? Ба ҳар сурат то ҳол ронандаҳо, ба мисли шумо, ба ҷуз «гузаронданд» гуфтан, дигар вокунише нишон надодаанд. Интизор мешавем, бинем қазия ба чӣ меанҷомад, то аз оқибаташ ба шумо маълумот диҳем.

Ислом Каримов: Ёрии кӣ дар сухан монда, аз кӣ амалӣ шуда…

Интизор мешавем, то бубинем, ки қисмати аввали ин гуфтаи президенти Ўзбекистон ба кӣ тааллуқ дораду қисмати охираш дар ҳаққи кӣ гуфта шудааст
Аз баргузории саммити Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва сафари президенти Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя интизор мерафт, ки масъалаи вагонҳои дар банд мондаи Тоҷикистон оқибат ҳаллу фасл мешавад ва имкон дорад, дар гуфтугўҳои дуҷонибаи Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд бисёре аз нофаҳмиҳои охир миёни ду давлат бартараф мегарданд.
Гуфта мешуд, ки президенти Тоҷикистонро дар ин сафар президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамроҳӣ хоҳад кард, аммо ҳамон бегоҳие, ки Аҳмадинажод дар Душанбе қарор дошт, Шўрои амнияти СММ ба номи ин кишвар қатъномаи нав қабул кард. Дар қабули ин қатънома Расия ва Чин, ки пештар худдорӣ мекарданд, саҳм гузоштанд ва ҳамин хел шуд, ки ин кишварҳои узви СҲШ оинномаи ин ташкилотро ёдоварӣ карданд, ки мувофиқ ба он ҳар кишваре, ки «доғи судӣ» дорад, наметавонад то шустани ин гуноҳаш аъзои комилҳуқуқи СҲШ шавад. Ва Аҳмадинажоди ба кори ин созмон чун нозир даъватшуда аз Душанбе на ба Тошканд, балки боз ба ватан баргашт. Дар саммити Тошканд вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттако ширкат кард, ки бешубҳа ҳеч наметавонист Аҳмадинажодро ҳам дар кори нозирӣ ва ҳам ҳамроҳӣ кардани Эмомалӣ Раҳмон иваз кунад.
Ағлаби коршиносону таҳлилгарон бе ягон шубҳа ин сафарро барои во кардани гиреҳҳо дар муносибати ду кишвар мусоид медонистанд. Муовини ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Расия Раҳмон Ўлмасов ин интизориҳоро воқеияти рўз медонист. Вай дар арафаи ин сафари президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки агар мулоқоти дуҷониба ба ҳалли мушкили транзит даст наёбад, бояд муаммоҳои кушоиши гиреҳи мухолифатҳоро во кунад. «Барои мисол баҳсе, ки дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе миёни намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон ба вуҷуд омад, шаҳодати он аст, ки замони ба гуфтугў нишастан сари ин масъала расидааст, зеро ин масъала аз қаламрави ҳарду кишвар хориҷ шуда, то ба Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Амрико расидааст», — гуфта буд Ўлмасов.
Дар конфронси «Об барои ҳаёт», ки дар Душанбе баргузор шуд, намояндагони ҷониби Ўзбекистон кушоду равшан иброз намуданд, мухолифи бунёди нерўгоҳи Роғун ҳастанд. Муовини вазири иқтисоди Ўзбекистон Галина Саидова, ки ҳайати ўзбекҳоро сарварӣ мекард, дар ин конфронс гуфт, кишвараш мухолифи сохтмони нерўгоҳи Роғун аст, зеро барномаи сохтмони ин нерўгоҳ дар замони Шўравӣ тарҳрезӣ шудааст. Ўзбекистон ба сохтмони нерўгоҳи Роғун дар сурате мухолиф нахоҳад буд, агар аз ҷониби Тоҷикистон кафолати бехатарии садди ин нерўгоҳ дар сурати зилзила дода шавад ва экспертизаи байналмилалӣ бунёди ин нерўгоҳро баъди ташхис барои минтақа бе зарар донад.
Ҳамин тариқ дар ин конфронс аз се тараф баҳси об бархост ва кишварҳои болоб даъвои соҳибии обҳо карданд. Махсусан, намояндаи Қирғизистон дар суханронии худ далелҳоеро овард, ки боиси вокуниши ҷониби Ўзбекистон шуд ва як намояндаи ин кишвар дар ҷавоб иддао кард, ки агар дар тобистон Тошканд барои обҳои зиёдатии ба ҳудудаш ҷоришаванда маблағ пурсад, пас ҳоли болообиҳо чӣ хоҳад шуд?
Ба гуфтаи собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, коршиноси минтақа Давлат Усмон, мухолифати Ўзбекистон ба Тоҷикистон собиқаи беш аз 20-сола дорад ва ба даврони азҳампошии Шўравӣ ва таъини аломатгузории марз рост меояд. Давлат Усмон дар ин бора изҳори назар карда гуфта буд: «Обанбор ва нерўгоҳи «Фарҳод», ки дар гузашта аз тарафи Ўзбекистон бунёд гардида, дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад, барои Ўзбекистон аҳамияти калони стратегӣ дорад, зеро Тошкандро маҳз захираи ин нерўгоҳ бо об таъмин мекунад. Ўзбекистон мехоҳад, ки Тоҷикистон ин обанборро дар ихтиёри Тошканд қарор диҳад. Дар он сурат ин кишвар ба сохтмони Роғун мухолифат нахоҳад кард».
Ба гуфтаи Давлат Усмон, далели аслии мухолифат ва эҷоди мушкил дар транзити бор ва фишорҳо сари Тоҷикистон аз тарафи Ўзбекистон ҳамин аст. Вай ба ин ақида буд, ки дар гумон аст, дар гуфтугўҳои президентҳо дар Тошканд ин мушкил ҳал шавад.
Чанде аз коршиносони дигари воқифи вазъ низ ба ин бовар буданд, ки баррасии мушкили миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар саммити Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд дар гумон аст, зеро Ўзбекистону Чин дар ин байн дар мавриди интиқоли гази арзони Ўзбекистон тавофуқ кардаанд ва Расия майли миёнравӣ байни Тоҷикистон ва Ўзбекистонро надорад. Ин коршиносон ба он бовар буданд, ки танҳо роҳи даст ёфтан ба ҳалли ин мушкилот ба президенти Тоҷикистон вобастагӣ дорад, ки тавонад Ўзбекистонро бовар ва розӣ кунад.
Аммо дар кори саммити СҲШ дар ин мавзўъ ишорае нарафт ва президенти Тоҷикистон ба ҳамтоёни дигараш дар мавзўъҳои дигар сўҳбату гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон доир ба масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Расия бо Тоҷикистон байни Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев мубодилаи афкор сурат гирифтаст. Президентҳо қарор доданд, ки масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишварро моҳи августи соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Расия муфассал баррасӣ намоянд.
Сайти расмии президенти Тоҷикистон аз натиҷаи вохўрии Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов чунин хабар дод: «Дар мулоқоти сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Ислом Каримов масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар дар фазои ошкоро ва ҳавасмандии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.
Таваҷҷўҳи асосӣ ба масоили мубрами ҳалталаб дар муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла ба масъалаҳои рушди энергетикаи Тоҷикистон ва фаъолияти босуботи инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионии миёни ду кишвар, зоҳир гардид.
Ҳарду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки маводи хўрокворӣ, сўзишворӣ ва дигар молҳо, ба ҷуз борҳое, ки барои сохтмони нерўгоҳи Роғун пешбинӣ шудаанд, ба ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути қитъаи роҳи оҳани Термез-Амузанг-Қурғонтеппа бемонеа интиқол дода шаванд.
Масоили сохтмони нерўгоҳи Роғун мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро баҳри гузарондани ташхиси мустақили байналмилалии ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии бунёди ин иншооти гидротехникӣ бори дигар таъкид намуд.
Аз рўйи масоили дигари баррасишуда сарони ду давлат ба мувофиқа омаданд, ки баҳри нигаҳдошти фазои ошкору шаффоф дар муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Ўзбекистон робитаҳои пайваста дошта бошанд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд».
Дафтари матбуоти президенти Ўзбекистон бар иловаи ин маълумот аз гуфтаи Ислом Каримов низ ёдовар шудааст: «Халқи ўзбеку тоҷик аз давраҳои қадим паҳлў ба паҳлўи ҳам зиндагӣ карда, хурсандиро бо ҳам медиданд ва якдигарро дар рўзҳои сахту вазнин дастгирӣ менамуданд. Таърих ва худи зиндагӣ борҳо исбот кардаанд, ки ёрии кӣ дар сухан мондаву кӣ амалан онро ба иҷро расонидааст».
Интизор мешавем, то бубинем, ки қисмати аввали ин гуфтаи Ислом Каримов ба кӣ тааллуқ дораду қисмати охираш дар ҳаққи кӣ гуфта шудааст. Ба назар мерсад, ки Каримов ба ваъдааш вафо мекунад, чунки чуноне сардори Хадамоти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (РОТ) Гулсара Маҳмудова ба TojNews иттилоъ додааст, аз 8-ум то 14-уми июн 1 ҳазору 822 вагони боздоштшуда аз Ўзбекистон ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Аз инҳо 1 ҳазору 206 вагон ба истгоҳи шаҳри Душанбе ва 616 вагон ба истигоҳи «Қурғонтеппа», таалуқ доранд. 614 вагони боқимонда, ки ҳоло дар Ўзбекистон қарор доранд, ба соҳибкорон ва корхонаҳои давлатии вилояти Хатлон мансубанд, ки 389 вагон равғани молиданӣ ва сўзишворӣ, 83 вагон газ, 37 вагон битум, 19 вагон орд, 7 вагон семент ва 79 вагон борҳои гуногунанд.
«Борҳо (асосан семент) ва таҷҳизоте, ки ба Истигоҳи барқии обии Сангтуда-2 ва Корхонаи креолити Ёвон таълуқ доштанд пурра ба соҳибонашон расонида шуданд», — гуфтааст Гулсара Маҳмудова.
Пас, маълум мешавад, ки қисми зиёди вагонҳо аллакай ба манзил расидаанд? Чанд рўзи дигар ва боқимондаҳояш ҳам мерасанд? Ин маънои онро надорад, ки ҷониби Ўзбекистон ба ваъдааш вафо кардааст? Ва аммо, аслан ҳамин гапи дар банд мондани вагонҳои озуқа асосе доштанд? Диққат диҳед, ки ин намояндаи ширкати РОТ дар давоми хабар чӣ маълумоте медиҳад: «Дар вагонҳои ба самти истгоҳи Душанбе ҳаракаткунанда на ҳамеша (!) мушкилот эҳсос мешуд, борҳо қисман ҳам бошанд ба ин истигоҳ (Душанбе) ворид (!) мешуданд. Мушкилоти асосии мо ин борҳои ба самти истгоҳи Қурғонтеппа ҳаракаткунанда буданд, ки дар он маҳдудиятҳои аз ҳад афзун эҳсос мешуд ва бояд рўзҳои оянда тамоми мушкилоти мо дар ҳамлу нақли борҳо ба охир расанд».
Ҳоҷати шарҳ додан намондааст. Акнун ба ҳамон сухани дар мулоқот гуфтаи Каримов як бори дигар аҳамият диҳед.
Бобои Валӣ

Каримов аспро барои фарзин медиҳад

Маълум шуд, ки Расия қодир аст Тоҷикистонро на танҳо аз ҷониби Узбекистон ба блокада гирад, балки дар пайи Тоҷикистонро аз Эрон дур кардан низ шанси хуб дорад. Иқдоми охири Расия бо Чин алайҳи Эрон дар бораи ба муқобили ин кишвари исломии атомдор қатъномаи нави таҳримҳоро дастгирӣ намудан ва бар замми ин нагузоштан, ки Аҳмадинажод ба Тошканд равад, гувоҳи ин аст. Дар ҳоле, ки худи ин кишварҳо ба Узбекистон дастур доданд, то ба Тоҷикистону дигар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нома навишта хоҳиш кунад, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро ба нишвасти сарони Созмони Шанхай даъват кунанд. Акнун вақте Аҳмадинажод ба Тоҷикистон омад ва интизор мерафт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон барои иштирок дар кори ин Созмон равад ва бо ин роҳ дар кори мушкилии Тоҷикистону Узбекистон расидагӣ кунад, тасмим гирифта шуд, ки ўро ба Тошканд роҳ надиҳанд. Зеро дар дар назар буд, ки Эрони нозир дар ин нишаст аъзои комилҳуқуқи ин Созмон мешавад, аммо баъди қатънома ҷониби Расия ва Чин қабул намудани кишвареро, ки «доғи судӣ» дорад ба ин паймон рад карданд. Акунун дар кори ин Созмон вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ ширкат хоњад кард. Ин маънои онро дорад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари Тошканд пуштибоне нахоҳад монд.

Узбекистон ва Расия дар доираи Созмони Шанхай ҳам Тоҷикистонро мутаҳҳам хоҳанд кард ва пайдост, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низ маҳз айбдори будани Тоҷикистонро дар ин қазия исбот мекунанд. Аз дасти инҳо ҳар чиз меояд. Гашти навбатии Ислом Каримов на қалъабандӣ, балки қурбон кардани асп барои фарзинро ба хотир меорад…
Бобои Валӣ

Назми роҳ назми замин асту замон

Гузориш аз шоми эҷодии муассиси маҳфили фарҳангии Боргоҳи сухан» Бўрӣ Карим ва адиби рус Михаил Синелников
Чуноне хабар дода будем, рўзи якшанбеи 23 майи соли 2010 дар Хонаи марказии адибони Русия дар шаҳри Маскав бо суроғаи Никитская 53, шоми эҷодии ду адиб — Бўрӣ Карим ва Михаил Синелников баргузор гардид.
Шоми эҷодиро бо сухани муқаддимавӣ адиб Михаил Синелников ифтитоҳ намуд. Синелников дар бораи китоби тозаэҷоди ҳаммураттибон «Назми роҳ» ва китобҳои нави якдигар маълумоти мухтасар дод. Таъкид намуд, ки ин китоб бо ибтикори Бўрӣ Карим ба табъ расидааст. Сарсуханро ҳарду навиштаанд ва охирсухани давомдор, ки тақрибан 20 саҳифа аст, эҷоди Бўрӣ Карим мебошад. Дар ин маҷмўа «Назми роҳ» бо фалсафаи ба дунё омадану то вопасин рўз инсонро ҳамроҳӣ кардан ҳис мешавад.
Дар маҷмўа шеърҳои шоирони асрҳои гуногун, бо мавзўъҳои хоса, гулчин шудааст. Мураттибони ин китоб дар саҳифаҳои он аз қаъри асрҳо беҳтарин эҷоди адибонро то ба эҷоди ҷадиди шоирони асри мо, ки ба назми роҳ бахшида шудаанд, ҷойгир кардаанд. Бўрӣ Карим ҳангоми баромад на танҳо шеърҳои ба роҳ бахшидашуда, балки бо фалсафаи махсус аз дунё омадан: сарчашмаи ҳаёт, модар, шеър оғоз намуда, шеъри дуюмро ба зан бахшидаанд, сеюмро ба ватан ва пасон роҳ, муносибат, дўстӣ, ғарибӣ, сафар, роҳвардӣ ва аз худ намудани номи неку ҳарфи нек монданро шаддабандӣ намуда, шеърхонӣ кард. Баромади эшон аслан ба азбони русӣ буд, вале ба хотири ҳамватанон чанд шеърро ба забони модарӣ низ қироат кард.
Китоби «Назми роҳ» хеле хуб ороиш дода шудааст, ороиши онро ду нафар чирадастони рус Мария Аренд (Елена Ганешина) ва Наталя Ванханен ба ўҳда доштанд. Дар ин шом онҳо низ чанд сухани кўтоҳе гуфта, ба Бўрӣ Карим ва Михаил Синелников миннатдории худро барои ҳамкорӣ изҳор карданд. Бўрӣ Карим нозукбинона ду даста гулро ба занони эҷодкор тўҳфа кард.
Адиб Бронтой Бедюров дар бораи китоби тоза сўҳбат карда, камбудии онро дар он дид, ки китоб хеле калонҷусса буда, дар киса ҷойгир намешавад, ки «Назми роҳ»-ро роҳ дар роҳ бихонӣ. Дар охири суханрониаш Бўрӣ Карим ба ў китоби хурди шеърро тўҳфа карда, маҳз онро ба кисааш гузошт, то бовар дошта бошад, ки муаллиф рубоиёти роҳро чунин кўчак аз дасти чоп гирифтааст. Ин нуқта ба ҳозирин хеле хуш омад.
Адиби дигар Глан Ананян, ки китобро хондааст, дар ҳаққи мураттибон ва эҷоди онҳо суханҳои хуб гуфт ва изҳори минатдорӣ кард, ки чунин як китобе пурмазмун ва зебо ба дасти хонанда расидааст.
Шоири дигар Бронтой Бедюров дар баробари таҳсину суханҳои хуш таъкид кард, ки дар маҷмўа шеърҳои ба роҳ бахшидаи шоирони рус кам ҷой дода шудаанд. Чунин таъкидро Хуршеда Ҳамроқулова нисбати шоирони тоҷик раво донист ва ў гуфт, хуб мебуд, шеърҳои Камоли Хуҷандӣ, ки ба ғарибӣ бахшида шудааст, назми роҳи Лоиқ ва дигарон дар маҷмўа ҷой меёфтанд. Ба ин танқиди адабии онҳо Михаил Синелников ҷавоб гуфт, ки наметавон дар ин маҷмўа шеъри ба роҳбахшидаи тамоми миллатҳо ва қарнҳоро ҷойгир кард. Ҳозирҷавобӣ намуда, ба шоирони тоҷик Темур Варқӣ ва Алавӣ, ки дар Маскав зиндагӣ мекунанд, сухан дод. Номбурдаҳо шеърҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба аҳли толор қироат карданд.
Миёни баромадкунандагон Мария Аренд (Елена Ганешина), Наталя Ванханен, Бронтой Бедюров, Темур Варқӣ, Глан Онанян, Валентин Резник низ буданд. Баромади Хуршеда Ҳамроқулова хоса пурмазмун ва хеле ҷолиб буд. Вай дар баробари танқиди адабӣ, ба бандҳои ҷудогонаи ин китоб баҳои баланд дода, хусусияти «Назми роҳ» ва шаддабандии бобҳоро ба маҳорати баланди Бўрӣ Карим ва Михаил Синелҷников маънидод кард.
Михаил Синелников ва Бўрӣ Карим бо хоҳиши ҳозирин бори дуввум шеърхонӣ карданд. Шеърҳои ба роҳ бахшидаи Бўрӣ Карим ба русзабонҳо маъқул афтода, ҳамзабонон бошанд аз шеърҳои бо забони модарӣ хондааш ҳаловат бурданд. Баъди хондани шеърҳои «Орзу», «Апа» чанд зани дар толорбуда, аз ҷой хеста чаппакзанӣ намуданд.
Умуман ин шом хеле ҷолиб, дилчасп ва хотирмон буд.
Ба ҳозирин китобҳои нави муаллифон ва шумораҳои ҳафтавори «Боргоҳи сухан», «Озодагон», «Фараж», «СССР» ва дигар ҳафтаномаҳои тоҷикӣ ройгон тақсим карда шуданд.
Қисмати дуюми шоми эҷодӣ дар қаҳвахонаи Хонаи марказии адибон назди мизҳои мудаввар бо ғизоҳои болаззат ва чойи кабуд идома ёфт.
Кош, ҳар як ҳамватани мо чун Бўрӣ Карим метавонист аз Модару Ватан, хоса ёд намуда, шоми тоҷикро байни мардумиён боз ҳам маъруфтар мекард. Дар ин шом адибону олимони тоҷику рус ва дигар миллатҳо иштирок доштанд, ки ин шом ба шоми дўстӣ бадал шуд.
Иштирокчиён ба дар ин шоми эҷодӣ ба Бўрӣ Карим тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ин шомро шўъбаи масковии маҳфили фарҳангии «Боргоҳи Сухан» баргузор намуд.

Маҳмадҳасани Карим,
узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи журналистон

Валлоҳ, ки шумо ба пойи Лоиқ нарасед!

69 сол пеш дар водии Зарафшон ин марди Худо ба дунё омадааст. Зодрўзи ин абармарди шеърро ба ҳамаи ҳаводоронаш муборакбод мегўем.

Ў дар шеъри навини тоҷикӣ таҳаввулоте кард. Бешубҳа Лоиқ қофиласолори назми навини тоҷикист! Ба пояи вай дар асри 20 касе шеър нагуфтааст! Вай на танҳо аз ишқу маю маъшуқа, балки аз нобаробарии замон низ олӣ месуруд.

Ин ғазали замони бедодгарист, ки шоир ба насли нави сиёсатмаобон гуфтааст:

Дар калла ҳатто бод не, ин боданӯшӣ аз куҷо?

Бо пӯстғафсӣ ин ҳама чарминапӯшӣ аз куҷо?

Дирӯз бехомак будӣ, бекозаю бомак будӣ,

Ҳоло ба бозори ҷаҳон мошинфурӯшӣ аз куҷо?

Долар ба каф барги хазон, дуздӣ накардӣ? Рост гӯй,

Даври лабон кафки даҳон, дарёхурӯшӣ аз куҷо?

Дӣ будӣ беизораке дар кӯчаю бозораке,

Бо зеҳни кунду ақли кунд ин тундҷӯшӣ аз куҷо?

Дирӯз таппак мезадӣ, дар пода ҷуфтак мезадӣ,

Ай сустаку мустак бигӯ, ин сахткӯшӣ аз куҷо?

Дирӯз хомӯшак будӣ, оҷиз чу харгӯшак будӣ,

Имрӯз бонгат то фалак, ваҳйи сурӯшӣ аз куҷо?

Оқибати ҳарос

Гуфтан намешавад, ки ҳаводиси Қирғизистон ба Ўзбекистон ва ё Тоҷикистон дарси ибрат шудааст, зеро сабабҳои баста шудани «Zeromax GmbH”-ро касе намедонад ва ба эътирози мардум дар Тоҷикистон касе гўш намедиҳад
Агар гўем, ки ҳодисаҳои рўзҳои охири Қирғизистон дар минтақа бисёриҳоро ба таҳлука овардааст, шояд хато накунем ва ҳам мешавад гуфт, ки вазъи ин кишварро ҳама кори дохилии онҳо меноманд ва рўирост ҳам набошад, аз он панд мегиранд. Шояд ин тавр ҳам набошад, аммо як қатор тасмиме, ки дар ҳамсоякишварҳои Қирғизистон гирифта мешаванд, водор ба он месозанд, ки бовар кунем, сиёсатмадорон як қадар ба ҳарос афтодаанд.
Таҳлилгарон дар сўҳбатҳои хоса аз он иқрор мекунанд, ки боздиди чеҳраи аввал аз маҳалли офат дар ҷануби мамлакат бозтоби он аст, ки қудрат дар марказ аз хавфи норозигии мардуми ин минтақа ба ҳарос афтода буд.
Раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парламенти Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар як сўҳбаташ гуфта буд, ки таъсири нооромиҳои Қирғизистон ба вазъият дар Тоҷикистон чандон амиқ нахоҳад буд ва Тоҷикистон аз таҷрибаи солҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ “алайҳи инқилобҳо ваксин гирифтааст». “Билохира мардум дар кишварҳои минтақа низ ба натиҷае хоҳанд расид, ки дер ё зуд низомҳои худкома ва фасодзада бояд иштибоҳоташонро ислоҳ кунанд ва ё оқибати ҳамаашон мушобеҳ ба тақдири президентҳо — Акаев ва Боқиев хоҳад буд. Аз ҷониби дигар барои мақомоти кишварҳои минтақа шояд ин вазъият як дарсе шавад, то онҳо ба ҳарфи мардум гўш бидиҳанд. …Вазъият дар Қирғизистон бояд ибрате ба мақомоти кишварҳои минтақа шавад, то вазифаҳои аслии худ, яъне хизмат ба мардум ва беҳбудии зиндагии онҳоро иҷро кунанд ва донанд, ки фасоди молӣ, хешовандсолорӣ ва ҷамъоварии сармояи як кишвар дар дасти як хонавода ва ё як гурўҳи муайян оқибати хубе нахоҳад дошт”, — гуфта буд дар ин бора Кабирӣ.
Аммо узви дигари ин ҳизб, коршиноси масъалаҳои сиёсӣ Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар ин бора чунин ақида дошт, ки инқилоби қирғизӣ ба вазъи минтақа таъсири мусбӣ хоҳад расонд. “Ҳар таҳаввулоте, ки дар кишварҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва минтақа ба амал меояд ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад гузошт. Ҳадди ақал мақомоти ин кишварҳо бо дарназардошти ин ҳодиса шеваи давлатдориро дигар хоҳанд кард ва барои ислоҳоти иштибоҳоти ҳамтоёни худ хоҳанд пардохт”, — гуфта буд коршинос.
Раиси Ҳизби сосиал-демократ Раҳматулло Зойиров бошад ақида дошт, ки Боқиев интихоботро бо овозҳои бардурўғу сохта ба манфиати худ ва ҳизби худ ҷамъбаст кард, андеша ва раъйи мухолифони худро писанд накард ва дар ниҳояти амр гаравгони системаи мавҷуда шуд. Системае, ки дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам шабоҳат дорад. Системае, ки дар он қавонини низоми мардумсолорӣ дар рўи коғаз боқӣ мондааст. Зойиров ҳамчунин гуфта буд, ки ҳаводиси Қирғизистон ба кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд, вале муҳим он аст, ки ҳукумат бояд аз он сабақ бигирад.
Ба ақидаи рўҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода, ҳаводиси охири Қирғизистон ҳатман дар вазъи сиёсӣ дар минтақа таъсир хоҳад гузошт, вале боиси тағйири билофосила дар сиёсатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нахоҳад шуд, зеро роҳбарони кишварҳои дигари минтақа фикр мекунанд, ки вазъияти онҳо аз Қирғизистон фарқ мекунад, дар ҳоле ки фарқи чандоне надорад.
Бо вуҷуди ин Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода мутмаин аст, ки такрори айни ҳаводиси охири Қирғизистон дар Тоҷикистон ғайримумкин аст.
Таҳлилгари тоҷик Салими Аюбзод дар ин бора мегўяд: «Раҳбарони давлат бояд ҳамеша аз рўи адлу инсоф амал кунанд ва нагузоранд, ки ноқаноатмандию норозигӣ дар кишварашон ба ин дараҷа расад. Он чизе, ки дар Қирғизистон ба амал омад, пеш аз ҳама натиҷаи иштибоҳҳои худи Боқиев аст. Мумкин писари ў донову оқил бошад, вале дар як рўз вазир шудани вай хеле шубҳаовар аст. Ба ҳамаи хешу наздикон додани вазифаҳои давлатй ва ё такя кардан ба намояндагони танҳо як маҳал дар умури давлат ин хиёнат ба манфиатҳои миллист. Мудохилаи нерўҳои беруна ба умури дохилии як кишвар замоне муассир мешавад, ки эътироз дар дохил ба ҳадди ҷўшиш мерасад».
Дар Тоҷикистон роҷеъ ба ин ҳаводис пайравӣ дар назар нашуд ва ба ақидаи коршиносон аз он дарси ибрат ҳам нагирифтанд, бо он маънӣ, ки дар кори давлатдорӣ ҳамон шеваи кўҳна побарҷост.
Аммо дар Ўзбекистон дар ин рўзҳо тасмиме гирифта шуд, ки ба фикри таҳлилгарон натиҷаи сабақ гирифтан аз ҳаводиси охири Қирғизистон ба шумор меравад. Гап дар сари он аст, ки Ҳукумати Ўзбекистон фаъолияти ширкати бузурги «Zeromax GmbH”-ро маҳдуд кардааст. Ин ширкат ба Гулнора Каримова духтари президент Ислом Каримов мутааллиқ дониста мешавад, Дар баробари баста шудани ширкат ҳукми боздошти муовини раиси ин ширкат Ғулом Имомназаров низ содир шудааст. Ҳайратовар ин аст, ки дар бораи раиси ин ширкат ва тақдири вай чизе гуфта намешавад, дар ҳоле, ки ба ҳамаи фаъолияти он бояд раиси он ҷавобгў бошад.
Аз рўзи душанбеи ҳафтаи гузашта инҷониб ҳукумати Ўзбекистон ин ширкатро баста ва ҳама суратҳисобҳояшро «ях» кунонидааст.
«Zeromax GmbH”, ки қароргоҳи асосиаш дар Швейтсария аст, назорати соҳаҳои пурдаромаде, чун газу истихроҷи маъданҳо ва сохтмонро дар Ўзбекистон дар даст дошт.
Намояндагони “ Zeromax ” сабаби баста шудани ширкаташонро намедонанд, аммо мегўянд, мақомот ширкатро аз фаъолият дар соҳаи газ комилан берун андохта, чанд тарҳи сохтмониаш, аз ҷумла бунёди қароргоҳи Гулнора Каримова ва ҳам варзишгоҳи наву замонавӣ барои тими футболи “Бунёдкор”-ро, ки низ ба «Zeromax GmbH” тааллуқ дошт, бекор кардаанд.
Хонандаи зирак агар дар ёд дошта бошад, чанд шумора пеш мо номаи як нафар тошкандиро ба нашр расондем, ки мехост намоиши эътирозӣ кунад. Дар он «хоҳишнома» тошкандии эътирозгар барои плакати худ як банди эътирозро ба духтари президент Каримов – Гулнора бахшида буд, ки чунин мазмун дошт: «Дар куҷое хонда будам, ки ким кадоме духтари калонии вайро, ки дар Испания чун сафир кор мекунад, барои соҳиб шудан ба ҷойизаи Нобел пешниҳод кардааст. Хандаам гирифт! Албатта, вай занаки намоён аст – метавонад, ки ҳаққи дигаронро низ аз худ кунад. Мегўянд, ки агар ягон сохтмонро дар Тошканд бо деворҳои аз алюминий иҳоташуда дидед, пас аниқ ин моли вай аст.
Дар шаҳр мегардам ва мебинам, ки чунин деворҳо зиёд шудаанд. Як рўз мебинӣ, ки тамоми Тошкандро бо чунин деворҳо муҳосира хоҳанд кард. Ин аст магар дастовард?
Боз гап-гап ҳаст, ки вай ҷойи падарашро гирифтанист… Агар ин тавр шавад, ана ҳаёт! Ҳар рўз ид болои ид мешавад, ба мо худи Мадонна суруд хоҳад хонд. Чӣ ин магар барои халқ иди якумрӣ аст? Ана ҳаминро бояд дар плакат нависам». Ва эътирозгар дар яке аз се эътирозаш чунин талаб карда буд: «Ба Гулнора ҳатто орзу кардани курсии президентӣ ва ҷойизаи Нобел манъ карда шавад».
Баъд, мутаассифона, вай натавонист, ки рўзи дигар ба назди аппарати президент равад, зеро субҳ ўро милисаҳо барои «баланд» фикр карданаш дастгир карданду ҷарима бастанд.
Шояд баста шудани «Zeromax GmbH” сабабҳои дигаре доранд, аммо маълум, ки эътирозҳои мардум андаке ҳам бошад, ба назар гирифта шуданд. Номаълум ин аст, ки тақдири Гулнора — тоҷирхонуми ўзбек, ба чӣ анҷомид, зеро ин ширкат ба вай тааллуқ дошт ва эътирозҳо ҳам маҳз сари ҳамин буд.
Ва ҳам маълум нест, ки ин тасмимро шахсан худи Каримов гирифтааст, ё ҳукумати Ўзбекситон, ки хамакнун ба гуфти баъзе аз таҳлилгарон идораи он дар дасти сарвазир Шавкат Мирзиёев аст. Агар ин кори дастаи сарвазир аст, пас вай барои замина гузоштан ба расидан ба маснади президентӣ мехоҳад Гулнораро, ки рақиби аслиаш ба шумор меравад, аз сари роҳаш дур кунад.
Дар Тоҷикистон ҳам одамон гоҳҳо «баланд» фикр мекунанд, махсусан, дар хусуси пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки як ширкати британиягии «»Innovative Road Solutions» (“IRS”) масъули ҷамъ овардани маблағ дар ин роҳ шудааст, гап-гап бисёр аст. Бархе бар ин ақидаанд, ки ин ширкат ба нафари баландпояи ҳукуматӣ ва ё хеши наздики вай тааллуқ дорад. Дар баробари пулакӣ шудани роҳ сокинони Варзоб ба нишони эътироз овоз баланд ҳам карданду ба муқобили ин иқдом 10 ҳазор имзо ҳам ҷамъ шуд. Аммо ба ҷуз аз ваъдаи он, ки роҳ барои сокинони ин маҳал қисман бепул, ё барои онҳо имтиёз дода мешавад, дигаргуние нашуд. Ҳарчанд Амонулло Ашўр раиси идораи зиддимонополӣ арз намудааст, ки ин ширкат ғайриқонунӣ аз мардум пул меситонад, ҳафтаи гузашта қисмати дигари ин роҳ – Истаравшан-Хуҷанд низ пулакӣ карда шуд.
Аз ин рў гуфтан намешавад, ки ҳаводиси Қирғизистон ба Ўзбекистон ва ё Тоҷикистон дарси ибрат шудааст, зеро сабабҳои баста шудани «Zeromax GmbH”-ро касе намедонад ва ба эътирози мардум дар Тоҷикистон касе гўш намедиҳад.
Бобои Валӣ

Як сел ояд

Мехоҳам як сели азими дигар ояд, селе ояд, ки доно бошаду оқил, то бешарафию беномусии мардуми моро шўяду барад

Арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро аҳолии Тоҷикистон то дер боз фаромўш нахоҳанд кард, балки шояд ин рўзҳо дар таърихи кишвари мо чун рўзҳои мудҳиши пурмотам сабт гарданд.

Дигаронро намедонам, аммо ман ин дарду ғами мардуми Кўлобро хуб ҳис карда метавонам, зеро борҳо ба сари ману аҳли зодгоҳам чунин мусибат омадааст. Хонаҳои моро чанд маротиба сел бурд, маротибаи охир батамом рўфту сангзор кард. Ман аз Панҷрўд сухан мегўям, ки то имрўз даҳҳо нафар аз ҳамдеҳагонам ба ман занг задаву хоҳиш карданд, ки ҳамдардиашонро тавассути рўзнома ба мардуми шарифи Кўлоб расонам.

Вақте дар назди чашмонат сели азим хонаву даратро мебараду коре кардан наметавонӣ рўзи сахте аст, аммо аз ин бадтар рўзи сиёҳ ин аст, ки вақте дасти ба сўят дарозкардаи фарзандатро дар даруни лой гирифтан наметавонӣ.

Шаби 7 ба 8-уми май, соати 2, мардуми дар хоби нози Кўлоб ва як қатор ноҳияи атрофи онро сел шояд бедор накарда, ба коми худ кашид. Ин шаби сияҳрўз чандин нафар аз кўдакони ин минтақа, ки то ҳол шумораи аниқашон муайян нашудааст, бо умед сар ба болин ниҳода буданд, то фардо гузаштани паради ҳарбиро тавассути телевизиор бинанд. Онҳо то ҳол хобанд, намедонанд, ки паради ҳарбӣ ҳам гузашту вагонҳои орд ҳам ба Кўлоб омад. Аммо онҳо агар медиданд, ки чӣ тавр омадани вагонҳоро дар марказ хуш қабул мекунанд, шояд ҳеҷ гоҳ намемурданд, то миллаташон чунин нангро ба худ раво намедид. Гап дар сари он, ки Ўзбекистон баъд аз се моҳи боздошти қаторҳои молу колои Тоҷикистон баъзе аз вагонҳои ҳомили ордро ба самти вилояти Хатлон иҷозаи убур додааст. Ин амали ҷониби Ўзбекистон албатта, боиси таҳсин аст, аммо на ба ин дараҷае, ки расонаҳои давлатии мо карданд. Ҳарчанд ин рўзҳои сиёҳ ба ҳеҷ қиссае рост намеоянд, аммо ин вагонбиёӣ ба хотири афсурдаи ман қиссаи «Бузаки ҷингилапо»-ро овард. Ҳамон саҳнаеро, ки гург ба назди усто барои ҳаққи хизматаш каллаву почаи гўсолаи худи усторо дастовез мебарад. Вагонҳои худамонро барои ба манзил расидан иҷозат доданд, яъне мебояст, барои дастрас кардани моли худамон ин миқдор қурбонӣ медодем?

Аз сўи дигар ҳамин гургошноии ҳамсояҳо аз сад ҳамватани беору беномусу бехудои мо беҳтару хубтару писандитар аст. Худо ба Ислом Абдуғаниевич шифои комил диҳед, ҳар дарду ранҷе дорад, ба зудӣ бартараф шавад. Маълум, ки дард мекашад, вагарна дар сад моҳи дигар ҳам Худо медонад як вагон аз ғавчўбаш мегузашт, ё не. Ба Русия барои иштирок дар Иди Ғалаба нарафт, ин аз он нест, ки дар сари роҳи оҳан нишастаасту худаш вагонҳоро ба Хатлон мефиристад, балки шояд нотоб асту беҳол. Ҳар чӣ ҳаст, мардак одамгарӣ кард, метавонист дар консертҳои ташкилкардаи духтараш роҳат кунад, ё футболи Ривалдоро дар «Бунёдкор» каҷпаҳлў зада тамошо кунад. Аммо ин тавр накард. Дар шараёни вай дар муқоиса бо баъзе аз чиновникҳои мо хуни одамӣ ҷорӣ аст. Агар вай фаҳмад, ки ин беномускони мо барои чанд вагони дигар аз баҳри Роғун чӣ, аз баҳри Тоҷикистон мегузаранд, шояд вагонҳои сўзишвориро низ иҷозат диҳад. Интизор бошед, чанд рўз пас ин вагонҳо ҳам меоянд, аммо «куни сўхта мемонад».

Садҳо нафарро сел ба коми худ кашид, аммо то ҳол мақомоти дахлдор ин рақамро пинҳон медоранд. Мувофиқи омори аввалин дар Кўлоб 7 нафар фавтидаанду 40 каси дигар бедараканд. Ба гумони ин сарчашмаҳо шояд сел ин 4 нафарро дар куҷое пинҳон кардааст ва рўзе зиндаву саломат бармегардонад? Ин бедаракон ҳам қурбони саҳлангориву бешарафии масъулин шуданд, онҳоро на офат, балки бепарвоии ҳамонҳое кушт, ки сарвивақт обгузарро поккорӣ накарданд. Ақли солим бар он аст, ки пеши роҳи офатро гирифтан кори ношуданист, бахусус агар он дар торикии шаб, вақти хоб ояд, аммо агар пеш аз боронгариҳо сою обгузару наҳрҳо тоза мешуданду соҳили дарёҳо мустаҳкам мешуд, хатари офат камтар ва ин қадар қурбонӣ дар пай намешуд.

Дар ягон минтақаи дигари Тоҷикистон низ мардум аз хатари ин офат эмин нестанд. Худо накунаду дар дилхоҳ мавзеъ боронгарии шадид шавад, хавфи аз соҳил баромадани обу лой ҳаст, зеро ҳама сойю наҳру дарёҳои Тоҷикистон аҳволеро доранд, ки Тебалайю Ёхсуву Сурхоб доштанд.

Мутаассиф аз онам, ки ҳеҷ кас аз хурд то Калон аз ин ҳодисаҳо панд намегиранд, ҳатто шояд аллакай фаромўш ҳам карда бошанд, ки дар Кўлоб сел омаду ҷони одамонро бурд. Ин одамон пораи гўште набуданд, ки гурба бурда бошаду аз набуданашон ғамгин нашавем. Аммо маро ҳолате фаро гирифтааст, ки наметавонам шарҳ диҳам. Чӣ гуна метавонем ба ин воқеаи мудҳиш бетараф бошем? Ҳатто барои хотири қурбониён рўзи мотам чӣ, соати мотам эълон накарданд, ҳарчанд ин раҳматиҳо ба мотами мо барин ҳамватанони беномус дигар эҳтиёҷ надоранд.

Бобои Валӣ